Он ки болои туро афрохта

Он ки болои туро афрохта,
Баҳри ҷони ман балое сохта.

Дасти қудрат ҷумла асбоби ҷамол
Ҷамъ карда, шакли ту пардохта.

Сели ҷонҳо меравад дар кӯйи ту,
Баски ҷони ошиқон бигдохта.

Ҳар кӣ дида лутфи чавгонбозият,
Ҷойи гӯй он ҷо сари худ бохта.

Мегурезам ман дуаспа аз ақиб,
Мерасад хайли хаёлат тохта.

Гавҳари дарёи роз аст ашки ман,
Мавҷи ишқаш дар канор андохта.

Кам шиносӣ қадри Ҷомиро зи ҳеҷ,
Кас беҳ аз ту қадри ӯ нашнохта.