Растам аз ин нафсу ҳаво, зинда бало, мурда бало

9

Растам аз ин нафсу ҳаво, зинда бало, мурда бало,
Зиндаву мурда ватанам нест ба ҷуз фазли Худо!

Растам аз ин байту ғазал, ай шаҳу султони азал,
Муфтаъилун, муфтаъилун, муфтаиълун кушт маро!

Қофияву мағлатаро, гӯ, ҳама селоб бибар,
Пӯст бувад, пӯст бувад дархури мағзи шуъаро!

Ай хамушӣ, мағзи манӣ, пардаи он нағзи манӣ,
Камтар фазли хамушӣ, к-аш набувад хавфу риҷо!

Бурдаи вайрон набувад ушри замин, кӯчу қилон,
Масту харобам, маталаб дар суханам нақду хато!

То ки харобам накунад, кай диҳад он ганҷ ба ман?!
То ки ба селам надиҳад, кай кашадам баҳри ато?!

Марди суханро чӣ хабар аз хамушӣ ҳамчу шакар,
Хушк чӣ донад, чӣ бувад тарлалало, тарлалало!

Ойинаам, ойинаам, марди мақолот наям,
Дида шавад ҳоли ман, ар чашм шавад гӯши шумо!

Дастфишонам чу шаҷар, чархзанон ҳамчу қамар,
Чархи ман аз ранги замин поктар аз чархи само!

Орифи гӯянда, бигӯ, то ки дуъои ту кунам,
Чунки хушу маст шавам ҳар саҳаре вақти дуъо!

Далқи ману хирқаи ман аз ту дареғе набувад,
В-он ки зи султон расадам, ним маро, ним туро!

Аз кафи султон расадам соғару сағроқи қидам,
Чашмаи хуршед бувад ҷуръаи ӯро чу гадо!

Ман, Хамушам, хастагулӯ, орифи гӯянда, бигӯ,
З-он ки ту Довуддамӣ, ман чу куҳам рафта зи ҷо!