490
Сармаст буте латифи сода
Дар даст гирифта ҷоми бода.
Дар маҷлиси базми боданӯшон
Баста камару қабо кушода.
Афтода замин ба ҳазрати ӯ,
Гардун-ш ба хидмат истода.
Хуршеду маҳаш зи хубрӯӣ
Сар бар хати бандагӣ ниҳода.
Хуршед, ки шоҳи осмон аст,
Дар арсаи ҳусни ӯ пиёда.
Ваҳ-ваҳ, ки бузургвор ҳурест,
Аз равзани ҷаннат уфтода.
Лаълаш чу ақиқ гавҳарогин,
Зулфаш чу каманд тобдода.
Дар гулшани бӯстони рӯяш
Зангибачагон зи моҳ зода.
Саъдӣ нарасад ба ёр ҳаргиз,
К-ӯ шармгин асту ёри сода.