Сина шикофам ҳар саҳар, к-ояд сабо з-он манзилам

Сина шикофам ҳар саҳар, к-ояд сабо з-он манзилам,
Бошад, хурад з-ин раҳгузар як лаҳза боде бар дилам.

Чашмам зи хубон хунфишон, дил ҳамдами оҳу фиғон,
Табъи балоҷӯ ҳамчунон бошад бад-эшон моилам.

Ҳастам зи мурғи бастапар дар доми зулфаш бастатар,
Бисмиллаҳ, инак теғ, агар хоҳад ҳамин дам бисмилам.

З-ин сон, ки ояд дам ба дам з-ин чашми тӯфонбор нам,
Мушкил расад аз мавҷи ғам киштӣ ба сӯйи соҳилам.

Набвад забон гӯё маро ҷуз баҳри нола чун даро1,
Ай кош, аз ин меҳнатсаро гардун бибандад маҳмилам.

Ҷонам зи ҷонон нагсилад, пайванду паймон нагсилад,
То риштаи ҷон нагсалад, дасташ зи доман нагсилам.

Ҷомисифат рафтам фурӯ, дар лойи хум бе лаъли ӯ,
Дасте ба ман деҳ, ай сабӯ, то по барояд аз гилам.


1 Даро – занг, зангӯла.