То дастҳо камар накунӣ бар миёни дӯст

102

То дастҳо камар накунӣ бар миёни дӯст,
Бӯсе ба коми дил надиҳӣ бар даҳони дӯст.

Донӣ, ҳаёти куштаи шамшери ишқ чист?
Себе газидан аз рухи чун бӯстони дӯст.

Бар моҷарои Хусраву Ширин қалам кашид,
Шӯре ки дар миёни ман асту миёни дӯст.

Хасме ки тири кофираш андар ғазо1 накушт,
Хунаш бирехт абруи ҳамчун камони дӯст.

Дил рафту дида хун шуду ҷони заъиф монд,
В-он ҳам барои он ки кунам ҷон фидои дӯст.

Рӯзе ба пои маркаби тозӣ2 дарафтамаш,
Гар кибру ноз бознапечад инони дӯст.

Ҳайҳот коми ман, ки барояд ба ин талаб,
Ин бас, ки номи ман биравад бар забони дӯст.

Чун ҷон супурданист, ба ҳар сурате, ки ҳаст,
Дар кӯи ишқ хуштару бар остони дӯст.

Бо хештан ҳамебарам ин шавқ то ба хок,
В-аз хок сар барораму пурсам нишони дӯст.

Фарёди мардумон ҳама аз дасти душман аст,
Фарёди Саъдӣ аз дили номеҳрбони дӯст.


1 Ҷанг, набард.
2 Тозон, тозанда.