Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,
То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нахӯрӣ.
Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбардор,
Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

Ҳамаи унсурҳои олами ҳастӣ, аз ҷумла, абру бод, моҳу офтоб ва осмону сайёраҳо дар кору дар ҳаракатанд, то ту, эй инсон, битавонӣ як пора нон ё ризқу рӯзии худро ба даст биоварӣ ва онро бехабарона нахӯрӣ. Чун Худованд тамоми ин мавҷудотро барои ту машғулу саргардон намуда ва онҳо барои ҳосил шудани рӯзии ту кор мекунанд, пас аз рӯи инсоф ва ҷавонмардӣ нест, ки ту (ин лутфи Худовандро нашносӣ) ва аз фармудаҳои Худованд берун равӣ ва низ нонатро бехабарона бихӯриву надонӣ, ки он чигуна ҳосил мешавад. (Ду байти аввалро метавон ишора ба ояи 33-юми сураи «Иброҳим» аз Қуръони карим донист, ки фармудааст: «Ва саххара лакуму-ш-шамса вал қамара доибайни ва саххара лакуму-л-лайла ва-н-наҳор», яъне «Ва дар хидмати шумо қарор дод офтобу моҳро, ки ҳамвора дар ҳаракатанд ва барои шумо танзим кард шабу рӯзро»).