Шафиъун, мутоъун, набиюн, карим

Шафиъун, мутоъун, набиюн, карим,
Қасимун, ҷасимун, насимун, васим.

Балаға-л-ъуло бикамолиҳи, кашафа-д-дуҷо биҷамолиҳи,
Ҳасунат ҷамиъу хисолиҳи, саллу алайҳи ва олиҳи.

Чӣ ғам девори умматро, ки дорад чун ту пуштибон,
Чӣ бок аз мавҷи баҳр онро, ки башад Нӯҳ киштибон?

Шафиъун…: (Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайғамбари) шафоаткунанда буда, (аз сари меҳри пайғамбарияш дар рӯзи Қиёмат бо иҷозаи Худованд мӯъминонро шафоат ва пуштибонӣ мекунад), фармонравоест, ки ҳама аз ӯ итоат менамоянд, оварандаи паёми Худованд ва шахсияте бузургвор мебошад. Ӯ муайянкунандаи неку бад (ва биҳишту дӯзах дар қиёмат), шахсе хушҷисму қавипайкар, ҳамеша дорои бӯи хушу форам ва чеҳраи гарму кушодаву пуртабассум мебошад.

Балаға-л-ъуло…: Пайғамбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо касб намудани фазлу маърифати баланд ба дараҷаҳои олитарини камолот расид, бо чеҳраи нурбор ва ҷамоли рӯшани хеш пардаи торикиву зулматро дариду бартараф сохт. Ҳамаи сифатҳо ва хислатҳои ӯ нек ва писандидаву зебоянд, пас бар ӯ ва бар аҳли хонадони ӯ дуруду салом бифиристед.

(Дуруд ё саловот фиристодан бар Пайғамбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҷумлаи фармудаҳои Худованд бар мӯъминон аст, ки дар ояи 56-уми сураи «Аҳзоб» чунин омадааст: «Инналлоҳа ва малоикатаҳу йюсаллуна алан-набий ё айюҳа-л-лазина оману саллу алайҳи ва саллиму таслимо», яъне, ҳамоно Худо ва фариштагони Ӯ ба Пайғамбар дуруд мефиристанд, пас, эй касоне, ки имон овардаед, бар вай дуруд бифиристед ва салом гӯед ва таслими фармони ӯ бошед.

Бечора дили кист, ки васфаш нанамояд,
Чун ҳаст Худованд саногӯи Муҳаммад (с).)

Чӣ ғам …: Эй Паёмбари бузургвор, пайравони дини ту, яъне уммати мусулмон, аз ояндаи худ тарсу ташвише надоранд, зеро ту дар Рӯзи қиёмат бо иҷозати Худованд шафоаткунанда ва пуштибони онҳо ҳастӣ (ва бахшиши гуноҳони онҳоро аз Худованди мутаъол талаб мекунӣ). Ҳолати пайравони ту мисли он мӯъминонест, ки дар замони ҳазрати Нӯҳ, алайҳиссалом, ҳангоми тӯфону обхезӣ ба киштии ӯ савор шуданд ва ба ин восита аз ғарқ гаштану ҳалок шудан наҷот ёфтанд, зеро бо қудрати Худованд киштии Нӯҳ, алайҳиссалом, ғарқнашаванда буд. (Пас, дини ислом, ки ту пешвои онӣ, мисли ҳамон киштии ҳазрати Нӯҳ, алайҳиссалом, аст, ки ҳар касе бар он нишинад, аз тӯфони ҳалокату гумроҳӣ наҷот меёбад. Зикри ҳазтари Нӯҳ, алайҳиссалом, ва киштии наҷотбахши он дар Қуръони карим, аз ҷумла, дар ояҳои 14-15 сураи «Анкабут» омадааст.)