Аз бомдод рӯйи ту дидан ҳаёти мост

137

Аз бомдод рӯйи ту дидан ҳаёти мост,
Имрӯз рӯйи хуби ту, ёраб, чи дилрабост?!

Имрӯз дар ҷамоли ту худ лутфи дигар аст,
Имрӯз ҳар чи ошиқи шайдо кунад, сазост!

Имрӯз он касе, ки маро дӣ бидод панд,
Чун рӯйи ту бидид, зи ман узрҳо бихост!

Сад чашм вом хоҳам, то дар ту бингарам,
Ин вом аз кӣ хоҳаму в-он чашм худ кирост?!

Дар пеш буд давлати имрӯз, лоҷарам,
Меҷасту метапид дили банда рӯзҳост!

Аз ишқ шарм дорам, агар гӯямаш башар,
Метарсам аз Худой, ки гӯям, ки ин Худост!

Абрӯм меҷаҳиду дили банда метапид,
Ин менамуд рӯ, ки чунин бахт дар қафост!

Раққостар дарахт дар ин боғҳо манам,
Зеро дарахти бахтаму андар сарам сабост!

Чун бошад он дарахт, ки баргаш ту додайӣ?!
Чун бошад он ғариб, ки ҳамсояи ҳумост?

Дар зилли офтоби ту чархе ҳамезанем,
Кӯрии он, ки гӯяд: «Зилл аз шаҷар ҷудост!»

Ҷон наъра мезанад, ки зиҳӣ ишқи оташин,
К-оби ҳаёт дорад бо ту нишасту хост!

Чун бигзарад хаёли ту дар кӯйи синаҳо,
Пойи бараҳна дил бадар ояд, ки ҷон куҷост?!

Рӯйи замин чу нур бигирад зи моҳи ту,
Гуйӣ, ҳазор Зуҳраву Хуршед бар самост!

Дар равзани дилам назаре кун чу офтоб,
То осмон нагӯяд, к-он моҳ бевафост!

Қаддам камон шуд аз ғаму додам нишон каж,
Бо ишқи ҳамчу тирам инак нишон рост!

Дар дил хаёли хиттаи Табрез нақш баст,
К-он хонаи иҷобату дил хонаи дуъост!