Аз лаби майгуни ту парҳезгоронро чӣ ҳаз

Аз лаби майгуни ту парҳезгоронро чӣ ҳаз1?
Лаззати май маст донад, ҳушёронро чӣ ҳаз?

Ай умеди мо ҳама аз ту ба навмедӣ бадал,
Ғайри навмедӣ зи ту уммедворонро чӣ ҳаз?

Ёфт бо сунбул зи ҷаъди мушксоят шаммае
В-арна аз тавфи чаман боди баҳоронро чӣ ҳаз?

Хоки поят гар набошад ҷойи болин зери сар,
Бар сари кӯйи ту шабҳо хоксоронро чӣ ҳаз?

Гар на ҳар сӯ булбуле чун ман занад дастони шавқ,
Аз баҳори хубӣ охир, гулузоронро чӣ ҳаз?

Дидаи бехоби Ҷомӣ гашт аз он рух баҳраманд,
Аз фурӯғи маҳ ба ҷуз шабзиндадоронро чӣ ҳаз?


1 Ҳаз – баҳра, лаззат, ҳаловат.