Аз оташи рӯйи худ андар дилам оташ зан

677

Аз оташи рӯйи худ андар дилам оташ зан
В-оташ зи дилам бистон, дар чархи мунаққаш зан!

Ай ҷони хуши сода, аз асли малак зода,
Ҳар ҷо ки равӣ, хуш рав, ҳар дам, ки занӣ, хуш зан!

Ин ҷисми туро аз ҷон гар фарқ кунад ҷонам,
Шамшер ба каф дорӣ, бар тораки фарқаш зан!

Ай турраи пурбандам, бикшода гираҳҳоро,
Ин як гираҳи дигар бар зулфи мушавваш зан!