Донӣ, ки куҷо ҷӯйӣ моро ба гаҳи ҷустан?!

676

Донӣ, ки куҷо ҷӯйӣ моро ба гаҳи ҷустан?!
Дар гардиши чашми ӯ, он наргиси обистан!

Дар дил чу хаёли ӯ тобад зи ҷамоли ӯ,
Дил банд бидарронад, ӯро натавон бастан!

Тифли дили пурсавдо оғоз кунад ғавғо,
Пистони карими ӯ оғоз кунад ҷустан!

Дил з-оташи ишқи ӯ омӯхт сабукрӯҳӣ,
Аз ин сина бипарридан, ҳар соъат барҷастан!