Ду чиз бихоҳад буд дар ҳар ду ҷаҳон, медон

675

Ду чиз бихоҳад буд дар ҳар ду ҷаҳон, медон,
Аз ошиқи Ҳақ тавба в-аз боди ҳаво анбон!

Гар тавба шавад дарё, як қатра наёбам ман,
В-ар хок дароям ман, он хок шавад сӯзон.

Дар хоки танам бингар, к-аз ҷони ҳавопеша
Ҳар зарра дар ин савдо гаштаст чу дил гардон!

Хосияти ман ин аст, ҳар ҷо, ки равам, инам!
Чӣ дӯзад полонгар? Ҳар ҷо, ки равад, полон!

Гӯянд, ки: «Ҳар ки ҳаст, дар гӯр асир ояд»,
Дар ҳуққаи танг он мушк нагзорад мушкафшон!

Дар синаи торике дилро чӣ бувад шодӣ?!
Зиндон набувад сина, майдон бувад он майдон!

Андар раҳами модар чун тифл тараб ёбад,
Он хун биҳ аз ин бода в-он ҷо биҳ аз ин бустон!

Гар шарҳ кунам инро, тарсам, ки муқаллидро
Ояд ба хаёл — андар андешаи саргардон!