Ай ба сарам дам ба дам теғи ҷафои ту хуш

Ай ба сарам дам ба дам теғи ҷафои ту хуш,
Дил ба насими ту шод, ҷон ба ҳавои ту хуш.

Чашму дилу ҷон хушанд, то шуда ҷойи туанд,
Хуш бинишин дар ҳама, ай ҳама ҷойи ту хуш.

Ошиқи дилхастаро ваъдаи ҷаннат мадеҳ,
Чун нашавад хотираш ҷуз ба лиқои ту хуш.

Ҳоли хушӣ аз дарат кард гадоӣ дилам,
Ҷуз ба гадоӣ нашуд ҳоли гадои ту хуш.

Арбада бигзоштӣ, тухми сафо коштӣ,
Вақти ҳама ошиқон шуд зи сафои ту хуш.

Риштаи пероҳанат бод тани лоғарам,
То ба туфайлаш зиям зери қабои ту хуш.

Рухсати Ҷомӣ бидеҳ то пайи дафъи рамад1,
Дида бимолад гаҳе бар кафи пои ту хуш.


1 Рамад – дарди чашм.