Ай, чу гулбарги таре орази зебои ту хуш

Ай, чу гулбарги таре орази зебои ту хуш,
Гирди он ҳалқа зада зулфи сумансои ту хуш.

Пой то сар ту чунонӣ, ки бувад бӯса задан,
Бар рухи хуби ту, зебо, ба кафи пои ту хуш.

Гар кунӣ пурсишу гар ханда занӣ бар ҳолаш,
Ҳар чӣ ояд, бувад аз лаъли шакархои ту хуш.

Хилъате хос бувад гесӯят аз шаъри1 сиёҳ
Ки зи сар то ба қадам ҳаст ба болои ту хуш.

Дида хуш гашт, чу биншаст хаёли ту дар ӯ,
Бинишин хурраму хандон, ки бувад ҷойи ту хуш.

Ваъдаи ҷаннати нася ба вараъварзон2 деҳ,
Ки ба нақд аст дили мо ба тамошои ту хуш.

Хуш супурдӣ дилат имрӯз ба дарду ғами ишқ,
Бод имрӯзи ту хуш Ҷомиву фардои ту хуш.


1 Шаър – болопӯши мӯини сабуки шабона.
2 Вараъ – парҳезкорӣ, порсоӣ.