Ай бурда намози ман зи ҳангом

563

Ай бурда намози ман зи ҳангом,
Ҳин, вақти намоз шуд, биёром!

Ай хӯрда ту хуни сад қаландар,
Ай бар ту ҳалол хун, биёшом!

Ишқи туву он гаҳе саломат?!
Ай душмани нангу душмани ном!

Масти ту в-он гаҳе сару по?!
Девонаву он гаҳе саранҷом?!

Як ҳарф бипурсамат, бигӯйӣ?
Дилсӯхта дидайӣ чунин хом?!

Пайдост, ки ёри ман малӯл аст,
Хомӯш шудам ба кому ноком!