Ҷуз ҷониби дил бад-он наёем

562

Ҷуз ҷониби дил бад-он наёем,
Як лаҳза буруни дил напоем!

Монандаи нойи сарбурида
Бебарг шудему бонавоем!

Маҷнуни ҷигаркабоби ошиқ,
Ҷуз оташи ишқро нашоем!

Мо зарраи офтоби ишқем,
Ай ишқ барой, то бароем!

Моро ба миёни зарраҳо ҷӯй,
Мо хурдтарини зарраҳоем!

В-ар з-он ки биҷӯйиву наёбӣ,
Бидҳем нишон, ки мо куҷоем?!

Дар хона чу офтоб дартофт,
Гирди сари равзани сароем!