Ай гузида ёр, чунат ёфтам?!

606

Ай гузида ёр, чунат ёфтам?!
Ай дилу дилдор, чунат ёфтам?!

Мегурезӣ ҳар замон аз кори мо,
Дар миёни кор чунат ёфтам?!

Чанд борам ваъда кардиву нашуд,
Ай санам, ин бор чунат ёфтам?!

Заҳмати ағёр, охир, чанд, чанд?!
Ҳин, ки бе ағёр чунат ёфтам?!

Ай дарида пардаҳои ошиқон,
Пардаро бардор, чунат ёфтам?!

Ай зи рӯят гулситонҳо шармсор,
Дар гулу гулзор чунат ёфтам?!

Ай дил, анадак нест захми чашми бад,
Пас, магӯ бисёр, чунат ёфтам?!

Ай ки дар хобат надида хусравон,
Ин аҷаб, бедор чунат ёфтам?!

Шамси Табрезӣ, ки анвор аз ту тофт,
Андар он анвор чунат ёфтам?!