Мешиносад пардаи ҷон он санам

607

Мешиносад пардаи ҷон он санам,
Чун надонад пардаро соҳибҳарам?!

Чун зи парда қасди ақли мо кунад,
Ту фусун бар мо махону бармадам!

Кас надорад тоқати мо, он нафас,
Оқил аз мо мераҳад, девона ҳам!

Ончунон кардем мо маҷнун, ки дӯш
Моҳ меандохт аз ғайрат алам!

Пардаҳое менавозад пардадар,
То раҳойӣ мезанад бе зеру бам!

Ақлу ҷон он ҷо кунад рақсулҷамал,
К-ӯ бидаррад пардаи шодиву ғам!

Ин назар он пардаро аз сар гирифт,
Мо ба сар рақсон чу бар коғаз қалам!