Ай дам ба дам мусаввири ҷон аз даруни тан

745

Ай дам ба дам мусаввири ҷон аз даруни тан,
Наздиктар зи фикрати ин нуктаҳо ба ман!

З-ояндаву гузашта чаро ёд мекунам?!
Ки лаззати замониву ҳам қиблаи заман!

Ҷони ҳақойиқиву хаёлоти дилрабо
В-он нақшҳои маҳ, ки нагунҷад дар ин даҳан!