Ай ҳаваси ишқи ту карда ҷаҳонро забун

746

Ай ҳаваси ишқи ту карда ҷаҳонро забун,
Хираи ишқат чу ман ин фалаки сарнагун!

Медару медӯз ту, мебару месӯз ту,
Хун куну мешӯй ту хуни диламро ба хун!

Чунки зи ту хостаст, ҳар кажи ту рост аст,
Лек, буто, рост гӯ, нест мақоми ҷунун!

Дӯш хаёли нигор баъди басе интизор
Омаду ман дар хумор, ё Раб, чун буд, чун?!

Хост, ки пар во кунад, рӯй ба саҳро кунад,
Боз маро мефирефт аз сухани пурфусун!

Гуфтам: «Валлаҳ, ки не, ҳеч масоз ин бино!»,
Гар аҷамӣ рафт, нест, в-ар арабӣ, лоякун!

Дар дили шаб омадӣ, нек аҷаб омадӣ,
Чун бари мо омадӣ, нест раҳойӣ кунун!