Беш макун ҳамчунон, хона даро ҳамчунин

747

Беш макун ҳамчунон, хона даро ҳамчунин,
Ай зи ту равшан шуда саҳну саро ҳамчунин!

Бодаи ҷон хӯрдайӣ, дил зи ҷаҳон бурдайӣ,
Хашм чаро кардайӣ? Чист? Чаро ҳамчунин?!

Ҳалқа даро рӯй боз, бар ҳама хубон битоз,
Саҷда кунам дар намоз, рӯйи туро ҳамчунин!

Ай санами хушсухун, ҳалқа даро, рақс кун,
Ишқ нагардад куҳун, ҳаққи Худо, ҳамчунин!

Ҳар ки дар ин рӯзгор дорад ӯ кору бор,
Банд шудасту шикор ёри маро ҳамчунин!