Ай дилам аз ту ғарқи хун, дидаи ашкбор ҳам

Ай дилам аз ту ғарқи хун, дидаи ашкбор ҳам,
Бе ту зи ашки лолагун чеҳра пуру канор ҳам.

Ваъдаи омадан мадеҳ, ғуссаи ҳаҷр бас маро,
Бар сари он фузун макун меҳнати интизор ҳам.

Тоб наёварад танат в-арна пайи либоси ту
Риштаи ҷони бедилон пуд кунанду тор ҳам.

Гар бувад аз гарониям бори диле саги туро,
Бор бибандам аз дарат, балки аз ин диёр ҳам.

Домани ноз барзадӣ, бар сари кӯ баромадӣ,
Офати ҷони ман шудӣ, фитнаи рӯзгор ҳам.

Чанд ба хоки раҳ фитад сояи сарви саркашат,
Сояи раҳмате фиган бар мани хоксор ҳам.

Боғу баҳору булбулон ҷилваи савсан асту гул,
Ҷомии дилрамидаро боғ туӣ, баҳор ҳам.