Умрест дил ба меҳру вафои ту бастаем

Умрест дил ба меҳру вафои ту бастаем,
Пайванд бо ту кардаву аз худ гусастаем.

Зуҳҳоду хулди насяву авбошу айши нақд,
Мо худ ба давлати ғамат аз ҳар ду растаем.

Моро чу дар ҳарими висоли ту роҳ нест,
Дил пурумед бар сари роҳат нишастаем.

Бо худ хаёли орзуе баста ҳар касе,
Мо дида аз ду оламу дил бар ту бастаем.

Бас хастахотирем зи бедоди ту, вале
Ҳаргиз дилат ба теғи шикоят нахастаем.

Чун сӯфиён, ки нуктаи тавҳид бишнаванд,
Ҳар ҷо гузашта зикри ту, аз ҷой ҷастаем.

Гуфтам: – Шикастаӣ дили Ҷомӣ! – Ба ишва гуфт:
– Охир, чӣ шуд, на ҷоми мурассаъ1 шикастаем?!


1 Мурассаъ – зебу зинатдодашуда.