Ай дили бебаҳра, аз Баҳром тарс

419

Ай дили бебаҳра, аз Баҳром тарс
В-аз шаҳон дар соъати икром тарс!

Донаи ширин бувад икроми шоҳ,
Дона дидӣ, он замон аз дом тарс!

Гарчи борон ниъмат аст, аз барқ тарс,
Шодайёмӣ, ту аз айём тарс!

Лутфи шоҳон гарчи густохат кунад,
Ту зи густохии ноҳангом тарс!

Чун бихандад шер, ту эмин мабош,
Он замон аз захми хуношом тарс!

Ай магас, дил бо лаби шаккар мапеч,
Чашм бодом аст, аз бодом тарс!