Нест дар охирзамон фарёдрас

420

Нест дар охирзамон фарёдрас,
Ҷуз Салоҳуддин, Салоҳуддину бас!

Гар зи сирри сирри ӯ донистайӣ,
Дам фурӯ каш, то надонад ҳеч кас!

Синаи ошиқ яке обест хуш,
Ҷонҳо бар оби ӯ хошоку хас!

Чун бибинӣ рӯйи ӯро, дам мазан,
К-андар ойина зиён бошад нафас!

Аз дили ошиқ барояд офтоб,
Нур гирад офтоб аз пешу пас!