Ай саги қассоби ҳаҷр, хуни маро хуш билес

421

Ай саги қассоби ҳаҷр, хуни маро хуш билес,
З-он ки нарезад кунун хуни раҳӣ як лакес!

Ганҷи ниҳони ду кавн пеши рухаш як ҷав аст,
Баҳри лакесе, дило, сард бувад ин макес1.

Ошиқии он санам в-он гаҳ тарси касе?!
Якдаму якранг бош, ошиқу он гоҳ пес!

Ай дили шаккарситон, аз намакаш шӯр кун,
Об зи Кавсар бихур, хоки дари ӯ билес!

Зуд бишӯ лавҳро з-абҷади ин кофу нун,
Он гаҳ, ай дил, бирав нуқтаи холаш навис!

Ай ҳасади мавҷзан, баҳри Сиёҳ омадӣ,
Хишти гили тирае з-оби ҷаҳаннам бихес!

Шамси Ҳақу дин кашид теғ бурун аз ниём,
Ай хиради дуксор, тори хаёлӣ бирес!


1 Ташвиқ; боҷу хироҷ.