Ай дил, шикоятҳо макун, то нашнавад дилдори ман

650

Ай дил, шикоятҳо макун, то нашнавад дилдори ман,
Ай дил, наметарсӣ магар аз ёри безинҳори ман?!

Ай дил, марав дар хуни ман, дар ашки чун Ҷайҳуни ман,
Нашнидайӣ шаб то саҳар аз нолаҳои зори ман?!

Ёдат намеояд, ки ӯ мекард рӯзе гуфтугӯ,
Мегуфт: «Бас, дигар макун андешаи гулзори ман!

Андозаи худро бидон, номе мабар з-ин гулситон,
Ин бас набошад худ туро, к-огаҳ шавӣ аз хори ман?!»

Гуфтам: «Амонам диҳ ба ҷон, хоҳам, ки бошӣ ин замон
Ту сардиҳу ман саргарон, ай соқии хаммори ман!

Хандиду мегуфт: «Ай писар, оре, валек аз ҳад мабар
В-он гаҳ чунин мекард сар, к-ай масту ай ҳушёри ман!»

Гуфто: «Мабош андар ҷаҳон, то рӯйи ман бинӣ аён,
Хоҳӣ чунин, гум шав чунон, дар нафйи худ дон кори ман!

Гуфтам: «Манам дар доми ту, чун гум шавам бе ҷоми ту?!
Бифрӯш як ҷомам ба ҷон в-он гаҳ бибин бозори ман!».