Мо ба тамошои ту боз омаде

649

Мо ба тамошои ту боз омаде,
Ҷониби дарёи ту бозомадем!

Сели ғамат хонаи дилро бибурд,
Зуд ба саҳрои ту бозомадем!

Чун сари мо матбахи савдои туст,
Бар сари савдои ту бозомадем.

Аз сари чаҳ сад расан андохтӣ,
То суви болои ту бозомадем!

Нолаи сурнойи ту дар ҷон расид,
Дар пайи сурнойи ту бозомадем!