Чанд гаҳе фотиҳахонат кунам

648

Чанд гаҳе фотиҳахонат кунам,
Аз паси он шоҳи ҷаҳонат кунам!

Пир шудӣ дар ғами мо, бок нест,
Пир биё, то ки ҷавонат кунам!

Ҳеч ғами ҷон махур, ар ҷон бирафт,
Биглари лашкаргаҳи ҷонат кунам!

Он чи муҳол аст, тасаввур диҳам,
Ваҷҳи муҳолӣ-ш баёнат кунам!

Раҳ диҳамат то ба усули усул,
Роҳ чӣ бошад, ки чунонат кунам!

Гарчи Калимӣ ҳама дар иътироз,
Кашф кунам, Хизри замонат кунам!