Ай дӯст, итобро раҳо кун

704

Ай дӯст, итобро раҳо кун,
Тадбири давои дарди мо кун!

Ай дӯст, ҷудо машав ту аз мо,
Моро зи балову ғам ҷудо кун!

Андеша чу дузд дар дил афтод,
Мастам куну дуздро фано кун!

Шодӣ зи миёни ғам барангез,
Дар олами бевафо вафо кун!