Вақт омад тавбаро шикастан

703

Вақт омад тавбаро шикастан
В-аз доми ҳазор тавба растан!

Дасти дилу ҷонҳо кушодан,
Дасти ғамро зи пас бибастан!

Машъуқаи рӯҳро бидидан,
Лаъли лаби ӯ ба бӯса хастан!

Дар оби ҳаёт ғусл кардан,
Дар вай тани хешро бишустанҷ

Бархост қиёмати висолаш,
То кай ба умед дарнишастан?!

Гар бигсалад он нигор, бингар,
Сад пайваст аст дар он шикастан!

Махдумӣ, Шамси дини Табрез,
Ай ҷон, ту рамидаӣй зи бастан!