Ай ишқ, ки кардастӣ ту зеру забар хобам

508

Ай ишқ, ки кардастӣ ту зеру забар хобам,
То ғарқа шудаст аз ту дар хуни ҷигар хобам!

Аз кони шакар ҷустан андар шаби обистан
Бигдохт дар андеша монанди шакар хобам!

Бе лутфу висоли ӯ гаштам чу ҳилоли ӯ,
То шаб набарад ҳаргиз дар даври қамар хобам!

Чун шаб бишавад торӣ, бо ин ҳама бедорӣ,
Бо ишқ ҳамегӯям, к-ай ишқ? бибар хобам!

Чун хоб маро бинад, бигрезаду биншинад,
Аз ман биравад, ояд дар шахси дигар хобам!

Ёрон, ки чи ёредам, танҳо магузоредам,
Чун ишқи малак бурдаст аз чашми башар хобам!

Биншин? агарӣ ошиқ? то субҳдами содиқ
Бо ман, ки намеояд то субҳу саҳар хобам!