Дар маҷлиси он Рустам дар арбада биншастам

509

Дар маҷлиси он Рустам дар арбада биншастам,
Сад соғар бишкастам, оҳиста, ки сармастам!

Ай мункири ҳар зинда, хунбак заниву ханда,
Ай ҳар хару харбанда, оҳиста, ки сармастам!

Ай оқили чун лангар, ай рӯ-т чу оҳангар,
Дар дилбари мо бингар, оҳиста, ки сармастам!

Ту шахсаки чӯбинӣ, гар пештарак шинӣ,
Сад Даҷлаи хун бинӣ, оҳиста, ки сармастам!

Коҳил машав, ай соқӣ, боқист зи мо боқӣ,
Пур диҳ майи ровоқӣ, оҳиста, ки сармастам!

Онҳо, ки малӯлонанд, з-ин роҳ чи гӯлонанд,
Бас сардфузулонанд, оҳиста, ки сармастам!

Шамсулҳақи озода, Табрезу майи сода,
То ҳашр ман афтода, оҳиста, ки сармастам!