З-он май, ки зи бӯйи ӯ шӯридаву сармастам

510

З-он май, ки зи бӯйи ӯ шӯридаву сармастам,
Дарёб маро, соқӣ, валлаҳ, ки чунин астам!

Ай соқии масти ман, бингар ба шикасти ман,
Масте туву масте ман, бишкастиву бишкастам!

Бишкаст маро домат, бишкастам ман ҷомат,
Ай ҷуста зи дасти ман, дарёб, к-аз он дастам!

Ай ҷону дили мастон, бистон суханам, бистон,
Гӯйӣ, ки найӣ маҳрам, ҳастам, ба Худо, ҳастам!

Пур кун зи майи пешин, биншин бари ман, биншин,
Биншин, ки чунон вақте дар хоб ҳамеҷустам!

Ҷону сари ту, ёро, бар нақд бизан моро,
Мафребу магӯ фардо бардораму бифристам!

Валлаҳ, ки бинагзорам, даст аз ту чаро дорам?
То лоф занӣ, гӯйӣ, к-аз арбада ворастам!

Хоҳам, ки зи боди май оташ бифурӯзонӣ,
Хоҳам, ки зи оби худ чун хок кунӣ пастам!