Бистон қадаҳ аз дастам, ай маст, ки ман мастам

511

Бистон қадаҳ аз дастам, ай маст, ки ман мастам,
К-аз ҳалқаи ҳушёрон ин соъат ворастам!

Ҳушёр бари ринде зидде буваду зидде,
Ҳамранг шав, ай хоҷа, гар фавқам, агар пастам!

Ҳар чиз, ки андешӣ аз ҷанг, аз он дурам,
Ҳар чиз, ки андешӣ аз миҳр, ман онастам!

То ишқи ту бигрифтам, савдои ту пазруфтам,
Бо ҷанги ту яктоям, бо сулҳи ту ҳамдастам!

Испонахи1 хешам дон, бо турш пазу ширин,
Бо ҳар чи шудам пухта, то бо ту бипайвастам!

Бекор бувад созиш, созаш набувад нозиш,
Гар ҷаст ғалат аз ман, ман маст бурун ҷастам!

Масте туву масте ман, барбаста ба ҳам доман,
Чун даставу чун ҳован ду ҳасту яке ҳастам!


1 Исфанохи маъмул.