Ай нури афлоки замин, чашму чароғи ғайббин

656

Ай нури афлоки замин, чашму чароғи ғайббин,
Ай ту чунину сад чунин, махдуми ҷонам Шамси дин!

То ғамзаат хунрез шуд в-он зулф анбарбез шуд,
Ҷон бандаи Табрез шуд, махдуми ҷонам Шамси дин!

Хуршеди ҷон ҳамчун шафақ дар мактаби ту навсабақ,
Ай бандаат хосони Ҳақ, махдуми ҷонам Шамси дин!

Ай баҳри иқболу шараф, сад моҳу шоҳат дар канаф,
Бардоштам пеши ту каф, махдуми ҷонам Шамси дин!

Ай ҳам мулуку ҳам малак дар пешат, ай нури фалак,
Аз ҳамдигар мискинтарак, махдуми ҷонам Шамси дин!

Матлуби ҷумла ҷонҳо, ҷонро суй иҷлолҳо
Ту дода парру болҳо, махдуми ҷонам Шамси дин!

Дилро зи ту ҳоле дигар, дар салтанат фоле дигар,
То паррад аз боле дигар махдуми ҷонам Шамси дин!