Ку хари ман, ку хари ман, пор бимурд он хари ман

657

Ку хари ман, ку хари ман, пор бимурд он хари ман,
Шукр Худоро, ки харам бурд судоъ аз сари ман!

Гов агар низ равад, то биравад, ғам нахурад,
Нест зи гову шикамаш бӯйи хуши анбари ман!

Гову харе гар биравад, бод абад дар ду ҷаҳон
Дилбари ман, дилбари ман, дилбари ман, дилбари ман!

Ҳалқабагӯш аст харам, гӯши хару ҳалқаи зар?!
Ҳайф нигар, ҳайф нигар, во зари ман, во зари ман!

Сар кашаду раҳ набарад, ноз кунад, ҷав нахурад,
Ҷуз тали саргин набувад хидмати ӯ бар дари ман!

Гов бар ин чархи барин, гови дигар зери замин,
З-ин ду агар ман биҷаҳам, бахт бувад чанбари ман!

Рафтам бозори харон, ин суву он сӯ нигарон,
Аз хару аз бандаи хар сер шуд ин манзари ман!

Гуфт касе: «Чун хари ту мурд, харе ҳаст, бихар!»,
Гуфтам: «Хомӯш, ки хар буд ба раҳ лангари ман!».