Ман хушам аз гуфти хасон, аз лабу лунҷи турушон

658

Ман хушам аз гуфти хасон, аз лабу лунҷи турушон,
Ман бикашам домани ту, домани ман ҳам ту кашон!

Ҷони ману ҷони туро ҳар ду ба ҳам дӯхт қазо,
Хушши хушши хушши хушам пеши ту, ай шоҳи хушон!

З-он ки маро дод лабаш, нест лаберо асараш,
З-он чи чашидам зи лабат, ҳеч лаберо мачашон!

Он ки турушрӯй бувад, дон, ки дирамҷӯй бувад,
Аз хуми сирка-ст ҳама, бо шакаронаш манишон!

Гуфтам: «Ай шоҳи алам, ман, ки миёни асалам,
Аз асали ман кӣ чашад?!» Гуфт: «Лаби хушманишон!»