Ай сайди рухи ту шеру оҳу

775

Ай сайди рухи ту шеру оҳу,
Пинҳон зи куҷо шавад чунон рӯ?!

Чандон ки тавонияш, ту мепӯш,
Мебанд ниқоби тӯйи бар тӯ!

Дар равзани синаҳо битобид
Хуршед зи матлаъи тарозу!

Андар адаму вуҷуд афканд
Сад ғулғула ишқ, ки таъалву!

Ай қанди ду лаъли ту хирадсӯз,
В-ай тири ду чашми ту ҷигарҷӯ!

Сӣ байти дигар бихост гуфтан,
Мастеш кашид гӯш аз он сӯ!

Сӣ байт фурӯхтам ба як байт,
Байте, ки кушода шуд дар он кӯ!