Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав

776

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав,
Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бе такаббур хок шав!

Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибру мову ман,
Ҳар дуро чун нардбон зер ору бар афлок шав!

Ҳар куҷо ту хашм дидӣ, кибрро дар хашм ҷӯ,
Гар хушӣ бо ин ду морат, худ бирав, Заҳҳок шав!

Гар зи кибру хашм безорӣ, бирав кунҷе бихусб,
В-ар зи кибру хашм дилшодӣ, бирав, ғамнок шав!

Хашми сагсорон раҳо кун, хашм аз шерон бибин,
Хашм аз шерон чу дидӣ, сар биниҳ, шишок шав!

Луқмаи ширин, ки аз вай хашм ангезад, махур,
Луқма аз лавлок гиру бандаи лавлок шав!

Рав, ту қассоби ҳаво шав, кибру кинро хун бирез,
Чанд бошӣ хуфта зери ин ду саг?! Чолок шав!