Ай Санойӣ, ошиқонро дард бояд, дард ку?!

777

Ай Санойӣ, ошиқонро дард бояд, дард ку?!
Бори ҷаври некувонро мард бояд, мард ку?!

Бори ҷаври некувон аз диву фардо бартар аст,
Вонамо ҷони касе аз диву фардо, фард ку?!

В-ар хаёл ояд туро, к-аз диву фардо бартарӣ,
Бартариро кору бору мулку бурдобурд ку?!

Дар миёни ҳафт дарё домани ту хушк ку?!
Дар миёни ҳафт дӯзах унсури ту сард ку?!

Ин надорӣ худ, валекин гар ту инро толибӣ,
Оҳи сарду ашки гарму чиҳраҳои зард ку?!

Ҳар нафас бӯйи дил ояд аз сироталмустақим,
То нагӯйӣ ишқи раҳравро, ки «Роҳовард ку?!».

Гард аз он дарё баромад, гарди ҷисми авлиёст,
То нагӯйӣ «Қавми Мӯсоро дар ин ям гард ку?!».