Ай турки шӯх, ин ҳама нозу итоб чист?

Ай турки шӯх, ин ҳама нозу итоб чист?
Бо дилшикастагон ситами беҳисоб чист?

Дорам тазаллуме1 ба ту, оҳиста рон саманд,
Ай сангдил, ба рағми манат ин шитоб чист?

Гуфтӣ: – «Шабе ба хоби ту оям», вале чӣ суд,
Чун ман ба умри хеш надонам, ки хоб чист?!

Гар ман на ғарқи оташу обам зи шавқи ту,
Ин синаи пуроташу чашми пуроб чист?

Бе ту зи заъф қуввати ҷунбиданам намонд,
Дар ҳайратам, ки дар дилам ин изтироб чист?

Аз мадраса ба Каъба равам ё ба майкада,
Ай пири раҳ, бигӯй тариқи савоб чист?

Ҷомӣ, чӣ лоф мезанӣ аз покдоманӣ,
Бар хирқаи ту ин ҳама доғи шароб чист?


1 Тазаллум – шикоят аз зулм, додхоҳӣ.