Ай хуш, онон, ки хами турраи ёре гиранд

Ай хуш, онон, ки хами турраи ёре гиранд,
Як дам аз печу хами даҳр каноре гиранд.

То аз ин луҷҷа расад заврақи уммед ба лаб,
Лаби ҷӯю лаби ҷому лаби ёре гиранд.

То дар ин бесару бун сайдгаҳ озод зиянд,
Ҷо сари кӯҳею манзил буни ғоре гиранд.

Ҳайбати бодияи фақру фано бин, ки дар ӯ
Ҳар сафи мӯрчаро хайли саворе гиранд.

Беқароранд чу оташ зи ғамат сӯхтагон,
То намиранд чӣ имкон, ки қароре гиранд.

Тезбинон назар аз куҳли басар дӯхтаанд,
Дар раҳат куҳли басират зи ғуборе гиранд.

Ҷомиву рӯй ба хоки дари ту, чун зи Ҳарам
Ҳар як аз Каъба равон роҳи диёре гиранд.