Ай ҷаҳон барҳам зада савдои ту, савдойи ту

780

Ай ҷаҳон барҳам зада савдои ту, савдойи ту,
Чошнии умрам аз ҳалвои ту, ҳалвойи ту!

Домани гардун пур аз дурр асту марвориду лаъл,
То бирезад ҷумларо дар пойи ту, дар пойи ту!

Ҷонҳои ошиқон чун селҳо ғалтон шуда,
Медавонанд ҷониби дарёйи ту, дарёйи ту!

Ай хумори ошиқон аз бодҳои дӯши ту,
В-ай хароб имрӯзам аз фардойи ту, фардойи ту!

Ман назар кардам ба ҷони содаи беранги хеш,
Зард дидам нақшаш аз сафройи ту, сафройи ту!

Чун назар кардам накӯ ман дар сафойи гавҳарат,
Моҳ рух бинмуд аз симойи ту, симойи ту!

Моҳ хондам ман туро, бас ҷурм дорам з-ин сухан,
Маҳ кӣ бошад, к-ӯ бувад ҳамтойи ту, ҳамтойи ту?!

Инчунин гӯяд худованд — Шамси Табрезӣ ба ном:
«Ай ҳама шаҳри дилам ғавғойи ту, ғавғойи ту!».