Даргузар омад хаёлаш, гуфт ҷон: «Ин аст ӯ!

779

Даргузар омад хаёлаш, гуфт ҷон: «Ин аст ӯ!
Подшоҳи шаҳрҳои ломакон, ин аст ӯ!».

Сад ҳазор ангуштҳо андар ишорат дида шуд
Сӯйи ӯ аз нури ҷонҳо, к-ай фалон, ин аст ӯ!

Чун замин сарсабз гашт аз акси он гулзори ӯ,
Наъраҳо омад ба гӯшам з-осмон: «Ин аст ӯ!».

Ҳин, сабуктар даст дарзан дар инони маркабаш,
Пеш аз он, к-ӯ баркашонад он инон, ин аст ӯ!

Рӯ ба моҳ овард Мирриху бигуфташ: «Ҳуш дор,
То талофийӣ ту зи хубӣ, ҳону ҳон, ин аст ӯ!».

Шамси Табрезӣ, шунидастӣ, бибин ин нурро,
К-аз вай омад косидиҳои бутон, ин аст ӯ!