Ай ҷони латифу ай ҷаҳонам

569

Ай ҷони латифу ай ҷаҳонам,
Аз хоби гарон-т барҷаҳонам.

Бе шарму ҳаё кунам тақозо,
Донӣ, ки ғарими1 беамонам.

Гар бар дили ту ғубор бинам,
Аз ашки худаш фурӯ нишонам.

Ай гулбуни ҷон, барои маҷлис
Бигрифтаамат, ки гул фишонам.

Як бӯса бидиҳ, ки андар ин роҳ
Ман боҷи ақиқ меситонам.

Бисёр шаб аст, к-андар ин дашт,
Ман аз пайи боҷи роҳбонам.

Шаб наъра занам чу посбонон,
Чун толиби боҷи корвонам.

Ҳамхона гурехт аз нафирам,
Ҳамсоя гурехт аз фиғонам!


1 Қарздори бесармоя.