Ноомада сел, тар шудастем

570

Ноомада сел, тар шудастем,
Норафта ба дом, пойбастем.

Шатранҷ надидаему мотем,
Як ҷуръа нахурдаему мастем.

Ҳамчун шикани ду зулфи хубон
Нодида масоф, мо шикастем.

Мо сояи он бутем, гӯӣ,
К-аз асли вуҷуд бутпарастем.

Соя бинамояду набошад,
Мо низ чу соя несту ҳастем.