Андак-андак ҷамъи мастон мерасанд

294

Андак-андак ҷамъи мастон мерасанд,
Андак-андак майпарастон мерасанд!

Дилнавозон ноз-нозон дар раҳанд,
Гулъизорон аз гулистон мерасанд!

Андак-андак з-ин ҷаҳони ҳасту нест
Нестон рафтанду ҳастон мерасанд!

Ҷумла доманҳои пурзар ҳамчу кон
Аз барои тангдастон мерасанд!

Лоғарони хаста аз маръои1 ишқ
Фарбиҳону танпарастон мерасанд!

Ҷони покон чун шуъоъи офтоб
Аз чунон боло ба пастон мерасанд!

Хуррам он боғе, ки баҳри Марямон
Меваҳои нав зи мастон мерасанд!

Аслашон лутф асту ҳам вогашти лутф,
Ҳам зи бустон сӯйи бустон мерасанд!


1 Чарогоҳ, саҳро.