Барнишин, ай азму маншин, ай умед

295

Барнишин, ай азму маншин, ай умед,
К-аз расулонаш паёпай шуд навид!

Дуду бӯйе мерасад аз арши ғайб,
Ай ниҳонон, сӯйи бӯйи он паред!

Ҳар чи ғафлат кӯру пинҳон мекунад,
Дуди бӯяш мекунад онро сапед!

Мо зи гардун сӯйи модун1 омадем,
Боз моро сӯйи гардун баркашед!

Ҳамчу Марям сӯйи хурмобун равем,
З-он ки хурмое надорад шохи бед!

Бас куну аз ҳарф дар маънӣ гурез,
Чанд маъниро зи ҳарфе мемазед?!

Ин мазидан тифли бедандон кунад,
Гар шумо мардед, нонро худ газед!


1 Пастӣ, замин.