Ай Худо аз ошиқон хушнуд бод

296

Ай Худо аз ошиқон хушнуд бод,
Ошиқонро оқибат маҳмуд бод!

Ошиқонро аз ҷамолат ид бод,
Ҷонашон дар оташат чун уд бод!

Даст кардӣ, дилбаро, дар хуни мо,
Ҷони мо з-ин даст хунолуд бод!

Ҳар ки гӯяд, ки халосаш диҳ зи ишқ,
Он дуъо аз осмон мардуд бод!

Маҳ кам ояд муддате дар роҳи ишқ,
Он камии ишқ ҷумла суд бод!

Дигарон аз марг муҳлат хостанд,
Ошиқон гӯянд: «Не-не, зуд бод!»

Осмон аз дуд ошиқ сохтаст,
Офарин бар соҳиби ин дуд бод!